Сӯхтор дар қаҳвахонаи «Сихкабоб» ва Маркази хизматрасониҳои техникӣ

Июль 13, 2015 07:15

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 11 июл соати 11.06   аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ба танзимгари Хадамоти ҷустуҷўию наҷотдиҳии садамавии таъмини (ХҶНСТ) парвозҳои фурудгоҳи Душанбе дар мавриди сӯхтори қаҳвахонаи «Сихкабоб» ва Маркази хизматрасониҳои техникӣ, воқеъ  дар кӯчаи Мирзо Мастогулов  (наздики амборҳои Бақолӣ ) хабар доданд.
Дар асоси нақшаи  ҳамкорӣ байни фурудгоҳи Душанбе ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ  мошини навбатдор (партрулӣ), ки ба ҷойи ҳодиса наздик буд, барои кумак ба  гурўҳи СХДО ВКД  фиристода шуд.  
Дастаи сӯхторнишонӣ сӯхторро дар муддати кўтоҳ пурра хомўш кард. Тавре ки аз  ХҶНСТ-и фурудгоҳ иттилоъ доданд, дар ин сӯхтор касе осеб надидааст. Сабаби сар задани сӯхтор аз тарафи СХДО ВКД маълум карда мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2015  дар кўчаи «Аэропорт»-и шаҳри Душанбе дар  бинои истиқоматии рақами 14 дар ошёнаи дуюм сўхтор сар зад, ки кормандони дастаи сўхторнишонии фурудгоҳи Душанбе дар муддати 10-12 дақиқа маркази сўхторро муайян ва пурра хомўш карданд. 
Омодагии ҳамешагии сўхторнишонон ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари сўхторнишонии пойтахт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.  

Июль 13, 2015 07:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа