Сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ФР коҳиш ёфтааст
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар шаш моҳи соли равон сафи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ФР 14-15 фоиз коҳиш ёфтааст, -гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи вазир сабаби асосии кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Русия- ин буҳрони иқтисодӣ, хориҷ шудани бештари муҳоҷирони корӣ ва ворид гаштани як зумра талаботи нав нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Мутобиқи натиҷаи баҳисобгирӣ дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ 336 ҳазору 625 шаҳрванд ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намуда, аз ин шумора 331 253 нафар ба Федератсияи Русия ба кор рафтааст.
Вале ба қавли Сумангул Тағойзода шумораи муҳоҷироне, ки ба таври қонунӣ дар Русия ба кор машғуланд, нисбат ба солҳои пешин бештар шуда истодааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






