«Сафина» тасмим дорад аз рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ барнома таҳия созад
Душанбе, 08.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Роҳбарият ва ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» тасмим гирифтааст, ки доир ба кору рӯзгори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия барномаю гузоришҳо омода ва пешкаши тамошобинон кунад.
Зевар Давлатзода-директори Муассисаи давлатии «Сафина» 8 июл ба хабарнигорон гуфт: «Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия як гурӯҳи эҷодии ТВ «Сафина» барои инъикоси ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ба шаҳри Маскав сафар намуда, аз рӯзгор ва ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, инчунин соҳибкороне, ки дар ин кишвар фаъолият доранд ва барои бо ҷои кор таъмин кардани ҳамватанонамон нақши муассир мегузоранд, гузоришу барномаҳо омода созанд».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






