Сардухтури ш. Панҷакент: «Ба ҳамкории номатлуби табибону доруфурӯшон роҳ намедиҳем»
Панҷакент, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сардухтури шаҳри Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров дар мавриди фаъолияти шашмоҳа гузориш дода, гуфт, ки дар шаҳру деҳоти Панҷакент аз шумораи умумии кормандони соҳаи тиб 374 нафараш духтур аст. Ба таъкиди сардухтур, ҳоло дар шаҳр 110 духтури оилавӣ, момодоя, духтури эҳёгар, силшинос ва табибони дигар ихтисосҳо намерасанд.
Дар масъалаи «ҳамкорӣ» -и табибон бо баъзе дорухонаҳо, М. Сафаров бо нигаронӣ гуфт, ки дар шаҳр, мутаассисфона, чунин ҳолатҳои номатлуб ба назар мерасанд ва иброз намуд, ки: «Мо ин самтро назорат намуда, корҳои ислоҳотӣ гузаронида истодаем, пайваста ба табибон таъкид мекунем, ки ба чунин кори нангин даст назананд. Ҳатто чанд нафарро пас аз ошкор шудани чунин амалашон муҳокима намуда, огоҳ кардем, ки дар сурати такрор шудани ин ҳолат нисбат ба онҳо чораҳои қатъӣ татбиқ мешаванд».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






