Сармеъмори Ҳисор: «Кор дар иншооти ҷашнӣ бо суръат идома дорад»
Душанбе, 03.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Новобаста ба гармии ҳаво корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноташон гуногуни ҷашнӣ ба ифтихори 3000 -солагии Ҳисор бо суръат идома доранд», мегӯяд сармеъмори Ҳисор Ҳалима Солиева.
Барқарор намудани ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, сохтмони Қасри фарҳанг дар шаҳраки Ҳисор барои 700 ҷои нишаст, Осорхонаи таърихию кишваршиносии Ҳисор, китобхона, сохтмони майдони варзишӣ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, чойхона, Гимназияи президентӣ барои 640 хонанда, беморхонаи марказии дорои 702 кат аз номгӯи иншооти ҷашниест, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифта шудаанд ва бархе аз онҳо дар марҳилаи анҷомёбианд. Бино ба иттилои сармеъмори Ҳисор сохтмони ин иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷараён дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон дар ин ноҳия бунёд, таъмиру таҷдид ва навсозии беш аз 400 иншооти хурду бузурги таъйиноташон мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 198 иншоот ба соҳибкорон рост меояд. Алҳол бунёди 44 иншоот аз ҷониби соҳибкорон идома дошта, 29 адади он ба анҷом расидааст. Инчунин 60 иншоот дар баррасии вазорату идораҳои марбута қарор дошта, 40 иншоот бо сабабҳои гуногун аз ҷониби соҳибкорон амалӣ нашуданд.
Мавриди зикр аст, ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти ҷашнӣ дар доираи нақшаи генералии ноҳияи Ҳисор, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия ва тасҳеҳ гардида буд, ҷараён мегирад. Бунёд ва таҷдиди иншооти ҷашнӣ ба рушди минбаъдаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳисор, ки дорои таърихи 3000 -сола аст, мусоидат менамояд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






