СБМ Зумрат Шербоеваро ба ватан баргардонд

Июль 8, 2015 05:52

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини  ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зумрат Шербоева, ки дар шаҳри Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, аз  сабаби беморӣ мехост ба ватан баргардад,  вале барои роҳкиро маблағ надошт.  Вай барои кумак ба  намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират (СБМ) муроҷиат намуда, бо мусоидати ин созмон субҳи  7 июл  ба зодгоҳ баргашт.
Номбурдаро дар «Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд» кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират пешвоз гирифтанд.
 Инчунин дар ин рӯз ҶДММ “Суғдиён-Помир Тур” 5 сокини вилояти Суғдро  ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.
Бино ба гуфти сардори гурӯҳ Шаҳрӣ Аҳмедова муҳлати сафари муҳоҷирон  11 моҳро ташкил медиҳад.
Муҳоҷирони меҳнатӣ ба  шаҳри Самара сафар намуда, дар он ҷо ба корҳои сохтмонӣ машғул хоҳанд шуд. Субъекти хоҷагидор ва ширкати кордиҳанда ба муҳоҷирон сафари бехатар, шароит ва маоши хубро кафолат додааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти маҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод. 

 

Июль 8, 2015 05:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид