Семинар оид ба иҷрои конвенсияҳои ТБМ
Душанбе, 29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- Дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат аз 27 то 31 июли соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони вазорат ва шарикони иҷтимоӣ, семинари омўзишӣ оид ба иҷрои конвенсияҳои ТБМ ба кори худ оғоз кард.
Дар он тартиб ва меъёрҳои ТБМ оид ба тарзи таҳияи ҳисоботи миллӣ доир ба иҷрои конвенсияҳо омўзонида мешавад.
Дар семинар мутахассисон ва коршиносон аз кумитаҳои ТБМ иштирок доранд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат буда, зиёда аз 50 конвенсия ва 20 тавсияномаи ин созмонро дар самти меҳнат, ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ расман эътироф кардааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






