Семинари омӯзишӣ ҷиҳати муқобилият ба хариду фурӯши одамон

Июль 2, 2015 05:47

Ваҳдат, 02.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Субҳониддини Маҳмуд).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 20 нафар ҷавони  фаъоли шаҳри Вахдат  дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, онҳо ҳамчун омӯзгор омода гардиданд. Ба иттилои сармутахассиси  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат  Сафарбек Саидов давраи омӯзишӣ мавзӯи муқобилият  бар зидди хариду фурӯши одамонро дар бар гирифта,   барномаҳои махсуси иттилоотӣ мавриди амал карор дода шуданд. Яке аз ин барномаҳо  Лоиҳаи «Муқовимати ҷавонон оид ба хариду фурӯши одамон» мебошад, ки дар доираи “Барномаи миллии  рушди иҷтимоии ҷавонон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013 -2015”амал мекунад. Он  аз тарафи кумита дастгирӣ ёфта ва дар шаҳри Ваҳдат мавриди ичро қарор гирифтааст.                               Ҷавонони ихтиёрӣ (омӯзгорон) ба гурӯҳҳо тақсим шуда , дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат  миёни насли созандаи миллат, наврасону ҷавонони аз 14 то 25 сола  оид ба масъалаи муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамон семинар ва машваратҳои  омӯзишӣ гузаронида истодаанд.                                                                                                                                                           

 

Июль 2, 2015 05:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид