Сеюмин Ҷоми «Истиқлол» барои дастаҳои футболи хурди вазорату идораҳо
Душанбе, 21.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе сеюмин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” бо мукофотпулии калон оғоз меёбад.
Ба иттилои торнамоии расмии клуби футболи шаҳри Душанбе, мусобиқа аввали моҳи август дар майдончаҳои сабзаашон маснӯии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мешавад.
Дар Ҷоми навбатии Клуби футболи “Истиқлол”, дастаҳои футболи хурди вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муассисаҳо, бонкҳо, сафоратхонаву намояндагиҳои давлатҳои хориҷии мустақар дар ҷумҳурӣ ва инчунин дигар идораҳо иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад ҳаққи узвият барои ширкат дар мусобиқа 3000 (се ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст. Дар мусобиқа бозигарони аз 24 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бозингарони дастаҳои лигаи оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа роҳ дода намешаванд.
Мукофотпулии Ҷоми имсолаи Клуби футболи “Истиқлол” 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ, дастаи финалист бо 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо маблағ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозингарони беҳтарин бо ифтихорномаю мукофотҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Машварати намояндагони дастаҳои иштирокчӣ 25 июли соли равон доир мешавад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






