Ш. Орумбекзода: Талоши вазорат барои ташаккули фазои фарҳанг назаррас аст
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар нимсолаи аввали соли 2015 баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани дунёи ботинии ҳамзамонон, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ равона намуда, ба натиҷаҳои муайян ноил гардид, — гуфт вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин имрӯз, 20 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҷашнҳои Артиши миллӣ, Иди модарон, Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиён, ҷашни байналмилалии Наврӯз, барномаҳои пазироии иштирокдорони ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД, Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт- 2005-2015», гузоштани хишти нахустини Театри миллӣ бо иштироки Президенти кишвар, баргузории фестивал озмуни «Парасту-2015» бахшида ба 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Аслӣ Бурҳонов неруи тамоми ҳунармандони муассисаҳои фарҳангӣ равона гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






