Ш. Шоҳиён: «Барои 24 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шуд»

Июль 13, 2015 06:16

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз 25 маҳкумшуда нисбат ба 24 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шуда, нисбат ба 1 нафар ҷазо шартан татбиқ нашудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид намуд.
Ба гуфтаи раиси Суди Олӣ аз 14 парвандаи гражданӣ ва оилавӣ 7 парванда бо баровардани ҳалнома баррасӣ шуда, 2 парванда бинобар аз даъво даст кашидани даъвогарон қатъ карда шуд. 5 дархост оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судии давлатҳои хориҷӣ  мебошад, ки 3 ададаш қонеъ ва 2 -тои он рад карда шудааст.
Ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ дар ин давра аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ 111 санади судӣ нисбат ба 159 шахс мавриди санҷиш қарор дода шуд. 
«Дар натиҷа 17 -тои он нисбат ба 19 нафар бинобар нодуруст татбиқ гардидани қонуни ҷиноятӣ, ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ бекор гардид»,-афзуд Шермуҳаммад Шоҳиён.

Июль 13, 2015 06:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад