Шиносоии гурӯҳи корӣ бо шароити зист ва имконоти муҳоҷирони дохилӣ
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Гурӯҳи корие, ки аз ҷумлаи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» таъсис ёфтааст, аз шароиту имконияти кӯчонидани 30 оилаи муҳоҷири дохилӣ дар соли 2015 аз ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Қумсангир, макони зист ва вазъи муҳоҷирони ноҳияҳои Шӯрообод, Вахш ва Тавилдара, ки солҳои 2013-2014 кӯчонида шудаанд, дидан намуд.
Ҳамчунин Гурӯҳи корӣ мавзеи нави зисти муҳоҷирони дохилиро дар мавзеи Махдумқулии ҷамоати деҳоти «Истиқлол» аз назар гузаронид.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ хабар дод, ба муҳоҷирони дохилӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, оилаҳои муҳоҷирони дохилии ноҳияи Вахш, Шӯрообод ва Тавилдара бо қарзҳои имтиёзнок аз тарафи «Амонатбонк»-и ноҳия таъмин гаштаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






