Қӯшунҳои Ироқ беш аз 60 нафар террористони ДИ – ро нест карданд

Июль 22, 2015 04:44

Душанбе,  22.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар  ба  иттилои  Вазорати  мудофиаи  Ироқ, ҷузъу  томҳои  қувваҳои  ҳарбӣ ва пулиси  федералӣ  дар  қисми  ғарбии  кишвар  беш  аз 60  нафар  силоҳбадастони  гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ» — ро  нест   карданд. 
«Қувваҳои  пулиси  федералӣ  дар  ҳудуди  Ҳасиба – аш-Шарқия  (қисми  шарқии  Рамади)  панҷ  воситаи  нақлиёт  ва  21   террористро  нест намуданд. Ҳамчунин  бар  асари  ду  задухӯрди дигар  дар  канори  шаҳри  Рамади  боз 15  нафар  ифротиён  кушта шуданд», — гуфта  мешавад дар  хабар.
21  июл  тайёраҳои  қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии  кишвар ва  авиатсияи  низомии  Ироқ 29  нафар  ифротиён ва  чандин  истеҳкому  анборҳои  аслиҳа  ва  лавозимоти  ҳарбиро  нест  намуданд.
Ҳайати  фармондеҳони  Ироқ аз  оғози  ҳамла ба  мавқеъҳои  силоҳбадастон  дар  шаҳри  Анбар  хабар  дод.  Гуфта  мешавад, ки  самтҳои  асосии  зарбаҳои  артиши  Ироқ  шаҳрҳои  Рамади  ва Ал – Фаллуҷа  қарор  доштанд. Ҳар  ду  шаҳр  беш  аз  ду  моҳ  боз  таҳти  назорати  исломгароён  мебошанд.

Июль 22, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид