Силоҳбадастони ДИ дар Палмира боз шаш муҷассамаро нест карданд
Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Шаҳри Палмира, ки димнаҳои қадимии он — яке аз шаш иншооти осори умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Сурия ба шумор мераванд, дар нимаи моҳи май таҳти назорати силоҳбадастон қарор гирифта буд. Артиши Сурия пеш аз тарк намудани шаҳр қисми зиёди сокинони онро ба ҷойҳои дигар кӯчонд.
Силоҳбадастони гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар шаҳри забтшудаи Палмира камаш шаш муҷассамаи қадимаро нест карданд.
Ширкати телевизионӣ ва радиои Би — би — сии Британия зимни истинод ба раиси раёсати осори атиқа ва осорхонаҳои Сурия Маъмун Абдулкарим хабар медиҳад, ки силоҳбадастон ҳайкали шери маъруф ба «Шери Аллат» (олиҳаи осмону борони Арабистони қадимӣ) — ро, ки ду ҳазор сол муқаддам офарида шуда буд, нест карданд. Абдулкарим нобуд сохтани ин муҷассамаро «ҷинояти ҷиддитарини зидди осори шаҳри Палмира» қаламдод кард. Шаҳри Палмира, ки обидаҳои қадимии он яке аз шаш иншооти осори умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Сурия ба шумор меравад, миёнаи моҳи май таҳти назорати силоҳбадастон қарор гирифта буд. Артиши Сурия пеш аз тарк намудани шаҳр қисми зиёди сокинони он, қариб 11 ҳазор нафар ҷинояткорони ҳарбию сиёсӣ ва нигораҳои пурқимати таърихии осорхонаи марказии шаҳри Палмираро ба ҷойҳои дигар бурда буд.
Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» аз оғози бӯҳрон қариб 750 иншоотҳои осори фарҳангии қаламрави Сурияро ғорат ва нест карданд. Террористон дар Ироқ шаҳри Бостонии Дур — Шарруқин, воқеъ дар шимоли кишварро низ пурра ба хок яксон карданд. Дар шаҳри Мосули Ироқ ҳайкалу муҷассамаҳое, ки таърихи беш аз се ҳазорсола доранд, нобуд карда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






