Созишномаи ДМТ бо ДДБ оид ба таъсиси факултаи муштараки технологияҳои иттилоотӣ

Июль 7, 2015 10:02

Душанбе, 7.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар давраи ҳисоботӣ бо талош ва пайгириҳои раёсат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 31 муассисаи илмиву таълимии хориҷӣ қарордодҳои дуҷониба ба тасвиб расонд, — иброз дошт муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев имрӯз, 7 июл зимни нишасти матбуотӣ. 
Гуфта мешавад, ки географияи ҳамкориҳои бурунмарзии донишгоҳ то рафт васеъ мегардад. Аз ҷумла, муассисаҳое, ки тоза бо ДМТ робита барқарор намудаанд, аз Русия, Беларус, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея ва Олмон мебошанд. Миёни созишномаҳои басташуда «Созишномаи байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Беларус оид ба таъсиси факултаи муштараки технологияҳои иттилоотӣ»- ро метавон махсус зикр кард.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Беларус аз соли 2007 дар асоси созишномаи дуҷониба ҳамкории судманди илмию омӯзишӣ дорад ва таъсиси факултаи муштарак зинаи сифатан нави ҳамкорист. Ҳоло ДМТ бо 139 донишгоҳу муассисаи илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории мутақобилаи судманд роҳандозӣ кардааст.

Июль 7, 2015 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш