Суди Ироқ 24 нафар ҷангиёни ДИ – ро ба қатл ҳукм кард
Душанбе, 10.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Суди Ироқ дар ҳаққи 24 нафар ҷангиёни «Давлати исломӣ» барои куштори қариб 1700 нафар сарбозон моҳи июни соли 2014 ҳукми қатл баровард.
Аксарияти қурбониёни исломгароён сарбозони нав аз ҷумлаи мазҳаби шиа буданд, ки баъди пойгоҳи низомии Кэмп Шпейхери назди шаҳри Тикритро забт намудани исломгароён кушта шуда буданд.
Низомиёни Ироқ баъди моҳи марти соли 2015 аз силоҳбадастон озод намудани шаҳри Тикрит даҳҳо нафареро, ки ба куштор гумонбар шуда буданд, ҳабс карданд. Коршиносони мақомоти судӣ ҳамчунин ба эксгуматсияи (аз гӯр кашида баровардани мурдаҳо ба мақсади тафтишоти судию тиббӣ) ҷасади кушташудагон дар ин минтақа шурӯъ карданд. Ҳоло аз чор қабристон беш аз 470 ҷасад пайдо гардидааст.
Суди шаҳри Бағдод айбдоршавандагон – 24 нафар шаҳрвандони Ироқро ба кашидан ба дор ҳукм кард. Онҳо ҳамчунин ба куштор ва иштирок дар фаъолияти террористӣ айбдор шуда буданд.
Боз 604 нафар гумонбарон аз рӯи ин парванда дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Тафтишот муайян намуд, ки ҷангиён як қисми ҷасадҳоро ба дарёи Даҷла партофта, боқимондаашонро дар атрофи шаҳр гӯр кардаанд. То имрӯз 12 чунин гӯристонҳои оммавӣ пайдо шудаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






