Суди Ироқ 24 нафар ҷангиёни ДИ – ро ба қатл ҳукм кард

Июль 10, 2015 05:34

Душанбе, 10.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Суди  Ироқ  дар  ҳаққи  24  нафар  ҷангиёни «Давлати  исломӣ»  барои  куштори қариб 1700  нафар  сарбозон моҳи  июни  соли  2014 ҳукми  қатл  баровард. 
Аксарияти  қурбониёни  исломгароён  сарбозони  нав аз  ҷумлаи мазҳаби  шиа  буданд, ки  баъди пойгоҳи  низомии Кэмп  Шпейхери  назди  шаҳри  Тикритро забт  намудани   исломгароён  кушта шуда буданд. 
Низомиёни  Ироқ баъди моҳи  марти  соли  2015 аз  силоҳбадастон озод  намудани шаҳри  Тикрит  даҳҳо   нафареро, ки  ба  куштор   гумонбар  шуда буданд, ҳабс  карданд. Коршиносони  мақомоти  судӣ  ҳамчунин ба эксгуматсияи (аз гӯр кашида баровардани мурдаҳо ба  мақсади тафтишоти  судию  тиббӣ) ҷасади кушташудагон  дар  ин  минтақа   шурӯъ  карданд. Ҳоло аз  чор қабристон  беш  аз  470  ҷасад пайдо гардидааст. 
Суди  шаҳри  Бағдод  айбдоршавандагон – 24  нафар  шаҳрвандони  Ироқро ба  кашидан  ба  дор  ҳукм кард. Онҳо  ҳамчунин  ба куштор ва  иштирок дар  фаъолияти террористӣ айбдор  шуда буданд. 
Боз 604  нафар  гумонбарон  аз рӯи  ин парванда дар  ҷустуҷӯ  қарор  доранд. Тафтишот  муайян  намуд, ки  ҷангиён як  қисми ҷасадҳоро  ба дарёи Даҷла  партофта, боқимондаашонро  дар атрофи  шаҳр гӯр  кардаанд. То имрӯз 12  чунин  гӯристонҳои оммавӣ пайдо шудаанд.

 

Июль 10, 2015 05:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид