Тақдими 21 шаҳодатнома ба ҷавондухтарон

Июль 31, 2015 04:14

Душанбе, 31.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Мавсума Муинӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба 21 ҷавондухтар аз оилаҳои камбизоат шаҳодатномаи дӯзандагӣ, ки тули ду моҳ дар курсҳои омӯзишии дузандагӣ бо дастгирии Кумита таҳсил доштанд, супорид. 
 Маросими ҷамъбасти курси навбатии омӯзишии дӯзандагӣ дар  Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» доир гашт, 21  ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ дар давоми ду моҳ  нозукиҳои ҳунари дузандагиро омӯхта, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
 Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, кор бо занон ва оила, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ва Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ иштирок дошатанд
Дар охир аз ҷониби ҷавондухтарон намоиши либосҳои милливу аврупоӣ ташкил ва пешкаши иштирокчиён кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2007 то инҷониб Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ тибқи дастуру супориши Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавондухтарони оилаҳои камбизоат ва ятимон дар баробари курсҳои омӯзишии забони англисӣ ва компютер курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ низ таъсис додааст, ки то ба имрӯз ҷавондухтарони зиёде  чунин курсҳоро хатм намуда, соҳиби касбу маълумот гардидаанд.

 

Июль 31, 2015 04:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд