Таҷлил аз 22-солагии қӯшунҳои хушкигард

Июль 2, 2015 02:08

Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 22-юмин солгарди таъсиси қӯшунҳои хушкигард дар қисми низомии 07017 бо саф оростани ҳайати шахсӣ ва садо додани суруди миллӣ шурӯъ гардид. Дар чорабинии идона масъулини Вазорати мудофиа, намояндагони мақомоти иҷроия, ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои хушкигард, собиқадорони  Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз таъсисёбии Қӯшунҳои хушкигард саҳми собиқадорон ва умуман ҳайати шахсии он дар барқарор намудани сохти конститусионӣ, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар пешравиҳои ҷомеаи кунунӣ ёдовар шуданд.

Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар фаъолон, ки дар рушду такомули ин навъи қӯшун хизматҳои арзанда намудаанд, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, медалу ифтихорномаҳо ва  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

Июль 2, 2015 02:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд