Таҳсили ғайрирасмии беш аз се ҳазор шаҳрванди кишвар дар хориҷ

Июль 7, 2015 04:20

Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-3360 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамояд,-гуфт раиси  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотии кумита ба хабарнигорон.
Маълумоти мазкур тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас шудааст. 
Гафта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то дастур 2152 нафар ва баъди дастур 856 (дар маҷмӯъ 3008) нафар донишҷўй баргашт. 
-Бино ба корҳои таҳлиливу санҷишӣ аз теъдоди умумии ба ҷумҳурӣ баргаштагон 64 нафар даст ба ҷиноят задааст. Аз ҷумла, 29 нафар бинобар сабаби ҳамроҳ будан дар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар маҳбасхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар зиндонӣ шуданд. Инчунин 6 нафар дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Илова бар ин, 5 нафари дигар узви ҷараёни ғайриқонунии салафия мебошад.  Дар айни замон 6 нафари онҳо тавассути Федератсияи Русия ба Сурия рафта, ба сифати муҷоҳид дар амалиёти ҳарбӣ иштирок доранд, ки ин боиси таассуф аст,-таъкид гардид дар нишаст бо хабарнигорон.

 

 

Июль 7, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид