Таъйини роҳбарони нави шабакаи якуми телевизион ва “Ҷавонони Тоҷикистон”
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар матбуоти давлатии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Аз ҷумла, Айниддин Самариддин, ки то ин дам директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд, муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рауфов Сӯҳроб директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Инчунин Асоев Самаруддин-муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Сангмамадова Моҳира Пайшанбеевна-муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Назаров Умед Абдураҳимович -муовини аввали директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъйин гардиданд.
Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” озод карда шуд. Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” рухсат дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






