«Танзими фурӯши тухми озуқаворӣ ва гӯшти парранда»- семинар
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» дар мавзӯи «Ба танзим даровардани фурӯши тухми озуқаворӣ ва гӯшти парранда» семинар баргузор гардид.
Дар кори семинар сардорону муовини аввали ин ниҳод Олимзода Миралӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Олимзода Миралӣ зикр намуд, ки воқеан имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ талоши зиёд менамояд ва дар ин самт барномаҳои судманд низ қабул гардидаанд.
Сипас иштирокчиёни семинар дар мавзӯъҳои «Риояи қоидаҳои санитарӣ- гигиенӣ дар корхонаҳои парандапарварӣ», «Риояи талаботи стандарти тухми озуқавӣ кафолати болоравии нуфузи корхонаҳои истеҳсолӣ ва саломатии ҷомеа», «Талабот оид ба фурӯши тухми озуқавӣ ва гӯшти парранда», «Таҳлили моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






