Ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои кормандони фурудгоҳ
Душанбе, 20.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 50 корманди «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуданд.
Ин курсҳо дар асоси шартнома миёни Маркази авиатсионии «Иқтисод ва технологияҳои пешқадам»-и Федератсияи Русия ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» доир шуданд.
Муовини директори фурудгоҳ Азиз Иброҳимов имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти хабарии фурудгоҳ гуфт: «Дар ин курсҳо 25 корманди хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии фурудгоҳ ва 20 корманди хадамоти рӯизаминӣ ҷалб гардида, доир ба муттамарказонӣ ва боркунии бағоҷ, ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва истифодаи воситаҳои механикӣ барои боркунии ҳавопаймоҳои хориҷӣ такмили ихтисос кардаанд.
Ба гуфтаи мавсуф, чунин курсҳо бо иштироки омӯзгорони ботаҷрибаи байналмилалӣ дар асоси шартномаҳо бо дигар ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии «Флай Дубай» гузаронида шудаанд, ки ба онҳо беш аз 30 корманди хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии фурудгоҳ ҷалб гардид.
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳамчунин панҷ корманди Хадамоти амнияти авиатсионӣ дар марказҳои таълимии авиатсионии сертификатсияшуда дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузашт, -гуфт Азиз Иброҳимов, муовини директори «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба хабарнигорон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






