Таъсиси Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ аз ҷониби 57 кишвар
Душанбе 01.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 29 июни соли 2015 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин-шаҳри Пекин маросими имзои Созишнома дар бораи ташкили Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ ва ҷамъомади махсус дар сатҳи вазирони молияи кишварҳои таъсисдиҳанда баргузор гардид.
Дар маросими баимзорасонӣ дар шаҳри Пекин намояндагони 57 давлат-таъсисдиҳандагони Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ иштирок доштанд, Тоҷикистонро дар он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён муаррифӣ кард.
Гуфта мешавад, вазифаи асосии бонки нави байналмилалӣ рушд додани инфрасохторҳо дар Осиё мебошад, зеро ки бонкҳои мавҷуда-Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё асосан барои барҳам додани камбизоатӣ нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, сохторҳои мазкур бештар якдигарро пурра менамоянд, назар ба он ки миёни ҳам рақобат кунанд.
Сармояи аввалаи Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ (БОСИ), тавре ки интизор меравад, 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ҳиссаи давлатҳои саҳҳоми БОСИ аз андозаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ вобаста аст. Ҳамчун ташаббускор ва саҳҳоми бузурги БОСИ Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҳиссаи интизории то сатҳи 30%-и сармоя баромад мекунад.
Дар назар аст, ки қароргоҳи Институти нави молиявӣ дар Пекин ҷойгир шуда, Низомномаи бонк дар нимсолаи дуюми соли 2015 тасдиқ шавад. Оғози фаъолияти расмии БОСИ дар семоҳаи чоруми соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Самтҳои афзалиятноки маблағгузорӣ аз ҷониби бонки нав соҳаҳои энергетика, нақлиёт, логистика, инфрасохтори шаҳрӣ ва деҳот мешаванд. Лоиҳаи аввали Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ (БОСИ) метавонад лоиҳаи чинии Роҳи Бузурги Абрешим шавад. Дар оянда дар назар аст захираҳои молиявии бонкро ба дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ворид кунанд.
БОСИ ба давлатҳои тараққикунандаи Осиё, аз ҷумла ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки инфрасохторашонро такмил диҳанд ва рушди тез, муназзам ва устувори иқтисодиётро дастгирӣ кунанд, ба кишварҳои мутараққӣ имкон медиҳад, ки талаботи худро нисбат ба сармоягузориҳо васеъ намуда, иқтисодиёташонро ба танзим дароранд.
Фаъолияти БОСИ ҳамчун ташкилоти нави молиявии байналмилалӣ ба мусоидати рушди инфрасохтори умумӣ ва ҳамгироии иқтисодии давлатҳои осиёӣ равона мегардад, ки ин барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кам кардани тафриқаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар миёни кишварҳои минтақа зарур аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






