Таъсиси ситод оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Бразилия-2016
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 -Рио Де Жанейро аз ҳисоби масъулини кумита, кумитаи миллии олимпӣ ва мутахассисони соҳа Ситоди корӣ таъсис ёфтааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ду ҷаласаи он гузаронида шуд. Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар нишасти хабарӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи Абдуллозода, дар ҷаласаҳо ҳисоботи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба корҳои анҷомдодашуда дар самти омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 Рио Де Жанейро, ҳисоботи Кумитаи миллии олимпӣ вобаста ба ин бозиҳо, гузоришҳои раисони федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва раиси Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба бозиҳои мазкур шунида шуданд. Ҳамчунин озмуни либоси ягонаи миллии варзишӣ, ки соли сипаришуда эълон шуда буд, натиҷагирӣ шуд.
-Дар доираи ин омодагиҳо ба 15 варзишгари умедбахш барномаҳои махсуси омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 Рио Де Жанейрои Бразилия пешниҳод гардида, маблағгузории онҳо аз ҳисоби кумита, Кумитаи миллии олимпӣ ба роҳ монда шуд,- иброз дошт раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Ёдрас мешавем, ки варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 Рио Де Жанейрои Бразилияро ба даст овард








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






