Теъдоди ҷавонон ва занон дар хизмати давлатӣ афзудааст
Душанбе,07.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Теъдоди занон ва ҷавонон дар хизмати давлатӣ афзудааст. Дар ин хусус Ҷумъа Давлатов -директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ 7 июл зимни нишасти матуботӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Зикр шуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ 136 нафар ва занон 21 нафар афзудааст.
Алҳол дар Тоҷикистон 5561 нафар хизматчии давлатӣ дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, аз ин шумора 1109 нафар ё 20% занон ва 1273 нафар ё 22,8 % ҷавонони то 35 сола мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар кишвар тибқи маълумоти оморӣ шумораи хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 582 нафарро ташкил дода, 7968 нафар ё 42,8 %-и онро ҷавонони то синни 35 ва 4414 нафар ё 23,7 %-и онро занон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






