Теъдоди гурезаҳои Сурия беш аз 4 миллион нафарро ташкил дод

Июль 10, 2015 05:30

Душанбе, 10.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар  ба  иттилои Раёсати  умури гурезаҳои СММ, теъдоди  гурезаҳои  Сурия  беш  аз  4  миллион  нафарро  ташкил  медиҳад, ки  аксарияти онҳо  дар  Туркия ва  кишварҳои  дигари  ҳамсоя  паногоҳ  ёфтаанд. 
«Ин  теъдоди  зиёдтарини  гурезаҳост, ки бар  асари  як  ихтилофот пайдо шудаанд, — изҳор  дошт Комиссари олии Раёсати  умури   гурезаҳои  СММ Антониу  Гутерриш. – Аҳолии  кишвар  ба дастгирии ҷомеаи  ҷаҳон эҳтиёҷ  дорад. Мардум  дар   шароити  даҳшатовар    умр  ба  сар  бурда, ҳар чӣ  бештар  қашшоқ  мешаванд», — афзуд  Антониу  Гутерриш.
45  фоизи гурезаҳои  Сурия, яъне  як миллиону ҳаштсад ҳазор нафар  дар  Туркия  паногоҳ ёфта,  боқимондаашон ба  Ироқ,  Урдун,  Миср ва  Лубнон  рӯ  ба гурез овардаанд. 270  ҳазор нафар  суриягиҳо  дар  кишварҳои  Аврупо  паногоҳ  ҷустаанд. 
Раёсати умури  гурезаҳои  СММ барои расонидани  ёрӣ ба  гурезаҳои  Сурия  дар  соли  2015 — ум 5  миллиарду 500  миллион  доллар  дархост  кардааст.  Вале  кишварҳои кӯмаккунанда  то имрӯз  фақат  чоряки ин  маблағро  пешниҳод  намудаанд. Намояндагони раёсати  зикршуда изҳор  доштаанд, ки  гурезаҳо  ба  маводи  ғизоӣ  ва  дорувор  таъҷилан зарурат  доранд. 

Июль 10, 2015 05:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад