Теъдоди гурезаҳои Сурия беш аз 4 миллион нафарро ташкил дод
Душанбе, 10.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба иттилои Раёсати умури гурезаҳои СММ, теъдоди гурезаҳои Сурия беш аз 4 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аксарияти онҳо дар Туркия ва кишварҳои дигари ҳамсоя паногоҳ ёфтаанд.
«Ин теъдоди зиёдтарини гурезаҳост, ки бар асари як ихтилофот пайдо шудаанд, — изҳор дошт Комиссари олии Раёсати умури гурезаҳои СММ Антониу Гутерриш. – Аҳолии кишвар ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳон эҳтиёҷ дорад. Мардум дар шароити даҳшатовар умр ба сар бурда, ҳар чӣ бештар қашшоқ мешаванд», — афзуд Антониу Гутерриш.
45 фоизи гурезаҳои Сурия, яъне як миллиону ҳаштсад ҳазор нафар дар Туркия паногоҳ ёфта, боқимондаашон ба Ироқ, Урдун, Миср ва Лубнон рӯ ба гурез овардаанд. 270 ҳазор нафар суриягиҳо дар кишварҳои Аврупо паногоҳ ҷустаанд.
Раёсати умури гурезаҳои СММ барои расонидани ёрӣ ба гурезаҳои Сурия дар соли 2015 — ум 5 миллиарду 500 миллион доллар дархост кардааст. Вале кишварҳои кӯмаккунанда то имрӯз фақат чоряки ин маблағро пешниҳод намудаанд. Намояндагони раёсати зикршуда изҳор доштаанд, ки гурезаҳо ба маводи ғизоӣ ва дорувор таъҷилан зарурат доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






