«Тоҷикстандарт» қариб 10 ҳазор кг маҳсулоти сохтмониро бо тамғаи қалбакии “Алинекс” аз муомилот баровард

Июль 10, 2015 03:53

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Бо намояндагони ҶДММ “Фавр” ва ҶДММ “Барх”  дар натиҷаи санҷиш 9 ҳазору 800 кг маҳсулоти сохтмонӣ бо тамғаи қалбакии “Алинекс” ёфт  шуда, он аз  муомилот бароварда шуд. Дар ин бора директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён имрӯз, 10 июл ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
И.Қурбониён гуфт, ки  тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба соҳибкороне, ки  ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, дар 5 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, ҷазои маъмурӣ таъйин шуд. Бо дархости ҶДММ “Сардор-2008”, ки ба истеҳсоли донаҳои офтопараст бо тамғаи “Симба” машғул мебошад, дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти қалбакии корхонаи мазкур  ошкор ва аз муомилот гирифта шуд. Дар ин давра ба миқдори 6 ҳазор дона борҷома бо тамғаи молии ҶСК “Ширин” бо номгӯи “Сумая” барои маҳсулоти нонӣ, ки  аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Расулова ғайриқонунӣ истифода шудааст аз муомилот гирифта шуд. Ҳамзамон тибқи дархости   ҶДММ “Ёзон тоҷ” аз бозори истеъмолии шаҳри Душанбе 437 дона хамиртуруши қалбакӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуд. Ҳоло дар асоси дархости ҶДММ “Xenkel Bautechnic Kazakhstan» оид ба истифодаи тамғаи молии ин ширкат дар ширешҳои тамғаи “Момент” корҳои санҷишӣ ва назоратӣ идома доранд.

Июль 10, 2015 03:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад