«Тоҷикстандарт» қариб 10 ҳазор кг маҳсулоти сохтмониро бо тамғаи қалбакии “Алинекс” аз муомилот баровард
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Бо намояндагони ҶДММ “Фавр” ва ҶДММ “Барх” дар натиҷаи санҷиш 9 ҳазору 800 кг маҳсулоти сохтмонӣ бо тамғаи қалбакии “Алинекс” ёфт шуда, он аз муомилот бароварда шуд. Дар ин бора директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён имрӯз, 10 июл ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
И.Қурбониён гуфт, ки тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба соҳибкороне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, дар 5 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, ҷазои маъмурӣ таъйин шуд. Бо дархости ҶДММ “Сардор-2008”, ки ба истеҳсоли донаҳои офтопараст бо тамғаи “Симба” машғул мебошад, дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти қалбакии корхонаи мазкур ошкор ва аз муомилот гирифта шуд. Дар ин давра ба миқдори 6 ҳазор дона борҷома бо тамғаи молии ҶСК “Ширин” бо номгӯи “Сумая” барои маҳсулоти нонӣ, ки аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Расулова ғайриқонунӣ истифода шудааст аз муомилот гирифта шуд. Ҳамзамон тибқи дархости ҶДММ “Ёзон тоҷ” аз бозори истеъмолии шаҳри Душанбе 437 дона хамиртуруши қалбакӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуд. Ҳоло дар асоси дархости ҶДММ “Xenkel Bautechnic Kazakhstan» оид ба истифодаи тамғаи молии ин ширкат дар ширешҳои тамғаи “Момент” корҳои санҷишӣ ва назоратӣ идома доранд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






