«Тоҷиксуғурта»: 6589 сомонӣ талофии зарар ҳақгузорӣ шуд
Хуҷанд, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Суғд дар асоси муроҷиати шаҳрвандони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба пӯшонидани зиёни офати табиӣ ба 9 сокини ин ноҳия ба маблағи 6 589 сомонӣ талофии зарарро ҳақгузорӣ кардааст.
Болтубой Юлдошев, директори «Тоҷиксуғурта» мегӯяд, ки ин миқдор маблағ ба хоҷагиҳои деҳқонии аз офати табиӣ зарардидаи ҷамоатҳои Сомониёну Гулхона дода шудааст.
Вай ҳамзамон афзуд, ки дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Ашт ба хоҷагии халқи ин ноҳия низ хисорот ворид шуд ва дар асоси шартномаи басташуда ба 3 сокини ин ноҳия ба миқдори наздик ба 1000 сомонӣ талофии зарар дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






