«Тоҷикзаминсоз» ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ корҳоро ба иҷро расонид
Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» дар нимсолаи аввали соли 2015- ум корҳои заминсозиро оид ба муайян намудани сарҳади шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 321 ҳазору 412 сомонӣ, корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияҳои А. Ҷомӣ ба маблағи 93731 сомонӣ, Балҷувон ба маблағи 193055 сомонӣ, татқиқоти калонмиқёси хокро дар ноҳияи Ҷ. Расулов вилояти Суғд ба маблағи 237 ҳазору 487 сомонӣ, корҳои баҳои замин дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба маблағи 394 ҳазору 778 сомонӣ, корҳои тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳоро дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба маблағи 54 ҳазору 178 сомонӣ ва ноҳияи Ҳисор 88 ҳазору 923 сомонӣ ва дигар корҳо ба маблағи 159833 сомонӣ ба иҷро расонид.
Аз тарафи Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» дар якҷоягӣ бо КДФ «Суғд» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 2 млн. 028 ҳазору 396 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






