Ҳукуматдорони Туркия сарҳадот бо Сурияро таҳким мебахшанд
Душанбе, 23.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Ҳукумати Туркия усулҳои таҳким бахшидани сарҳадот бо Сурияро барои муҳофизат аз гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» баррасӣ намуд.
Намояндаи расмии девони вазирон ва ноиби сарвазир Бюлент Аринч аз рӯи натиҷаи ҷаласа хабар дод, ки гап дар бораи таҳким бахшидани сарҳадот ва рӯи кор овардани системаҳои иловагии назорат меравад.
«Вазорати амнияти миллӣ лоиҳаи худро пешниҳод намуд, ки дар он ба ҷилавгирии имконоти аз сарҳад гузаштани террористони ДИ диққати асосӣ дода мешавад. Барои ин дар сарҳад системаҳои дахлдори бехатарӣ насб мешаванд. Алҳол қитъаҳои хатарноки сарҳад муайян гардида, дар онҳо воситаҳои навтарини техникӣ назорат гузошта мешаванд», — гуфт Бюлент Аринч.
Аринч дар мавриди масъалаи муборизаи судманди Туркия бо «Давлати исломӣ» изҳор дошт, ки ҳар бадгумонӣ дар бораи кифоят накардани тадбирҳои зикршуда асосе надоранд. «Кишвари мо зидди ҳар зуҳуроти терроризм ва созмонҳои террористӣ муборизаи қатъӣ мебарад. Мо ба эътилофи байналмилалии зидди «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳоямонро баҷо меорем. Мо аз 1 январи соли равон 600 нафарро бо гумонбари робита доштан бо «Давлати исломӣ» дастгир намуда, 102 нафари онҳоро дар зиндонҳо нигоҳ медорем», — гуфт мавсуф.
Ба гуфтаи Аринч, амалиётҳои охирини террористӣ нишон доданд, ки ДИ барои ташкили ҳамлаҳо имконият дорад ва Туркия барои муқовимат ба гурӯҳи террористӣ «бояд чораҳои зарурӣ бинад».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






