Ҷумъа Давлатов: «Номамро иваз менамоям ва ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорам»

Июль 7, 2015 10:01

Душанбе, 07.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Дар оянда ном ва насабро иваз намуда, тоҷикӣ мекунам ва ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорам»,-гуфт Ҷумъа Давлатов,-директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар 7 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе. Мавсуф афзуд, ки то ҳол ба корҳои зиёд банд будам ва  вақти холӣ надоштам, то бастаи ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ карда, номамро иваз намоям. 
     Ҳамзамон Ҷумъа Давлатов  гуфт, ки   то ҳол дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  шакли исмсозии тоҷикӣ тасдиқ нашудааст, яъне хавфи  минбаъд  иваз кардани исмҳо вуҷуд дорад. Дар ин  масъала як чанд мушкилӣ низ ҳаст, таъкид кард Ҷ. Давлатов. Яъне, ном бояд аз се исм иборат бошад ё ду исм, аввал ном навишта шавад ё насаб. Зикр шуд, ки дар баъзе насабҳои тоҷикӣ, бандаки изофии «зода» маъмул буда, ҳам дар насаб вуҷуд дорад,  ҳам дар ном ва ҳам дар номи падар,  боз номи духтар ё писар  бо зода ифода мегардад, масалан Мирзозода Шоҳзода, дар ин маврид касе намефаҳмад, ки кадомаш ном аст, кадомаш насаб.
    Дар фарҷом директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар таъкид кард, ки касе ном ва насабашро иваз намудааст,  кори дуруст кардааст.

Июль 7, 2015 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад