Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Туркия ба нуқтаҳои ҷамъшавии террористони ДИИШ дар Сурия зарбаҳои ҳавоӣ заданд
Анқара, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тайёраҳои туркӣ ба нуқтаҳои ҷамъшавии террористони ДИИШ зарбаҳои ҳавоӣ заданд. Иттилоъ дода мешавад, ки ҳадафи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ чор иншооти террористон будааст. Дар баробари ин бесарнишинон дар фазои ҳавоии Туркия қарор доштанд.
Маркази ҳамоҳангсозии маъмурияти Сарвазири Туркия иттилоъ медиҳад, ки Қувваҳои мусаллаҳи Туркия дар доираи қарорҳои ҷаласаи махсуси нерӯҳои амниятӣ, дар марзи Сурия муқобили созмони террористии ДИИШ амалиёт гузаронданд. Соати 03:12 ба вақти маҳаллӣ аз бошгоҳи ҳавоии шаҳри Диёрбакир 3 бесарнишини F-16 ба осмон парвоз кард.
Бино ба изҳороти маркази ҳамоҳангсозӣ, ба ду ситоди қаблан муайяншуда ва як нуқтаи ҷамъшавии террористони ДИИШ чор бомба партофта шуд. Бесарнишинон ба макони ҷойгиршавиашон соати 04:24 ба вақти маҳаллӣ баргаштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






