Вазъи худкушӣ дар байни занон ташвишовар боқӣ мемонад
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Марҳабо Олимӣ ҳолати худкушии занонро дар шашмоҳаи сипаригардида таҳлил намуда, гуфт, ки ҳарчанд ҳолати ногувори ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занон тамоюли пастравӣ дорад, вале он то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад. Ин андеша зимни як машварат дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи худкушӣ дар байни занон таъкид гардид.
Дар машварат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, устоди калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатзода Маҳмадулло ва сардорони раёсатҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҳодисаҳои рӯзҳои охир изҳори ташвишу нигаронӣ намуда, аз иштирокчиён талаб намуд, ки масъулиятро ба уҳда гирифта, нисбат ба масълаҳои ба миён омада тадбирҳои мушаххас андешанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






