Вазъи худкушӣ дар байни занон ташвишовар боқӣ мемонад

Июль 15, 2015 04:53

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Марҳабо Олимӣ ҳолати худкушии занонро дар шашмоҳаи сипаригардида таҳлил намуда, гуфт, ки ҳарчанд ҳолати ногувори ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занон тамоюли пастравӣ дорад, вале он то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад. Ин андеша зимни як машварат дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи  худкушӣ дар байни занон таъкид гардид. 
Дар машварат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, устоди калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатзода Маҳмадулло ва сардорони раёсатҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҳодисаҳои рӯзҳои охир изҳори ташвишу нигаронӣ намуда, аз иштирокчиён талаб намуд, ки масъулиятро ба уҳда гирифта, нисбат ба масълаҳои ба миён омада тадбирҳои мушаххас андешанд.

Июль 15, 2015 04:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад