ВКД: «Ба маблағи 65 миллион сомонӣ молу ашё эмин нигоҳ дошта шудааст»
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар» А. Ҳаитов).-Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон 326 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 181 ҳолат мардон ва дар 145 ҳолат занон ин амали нангинро содир кардаанд. Мутаассифона, дар миёни ин нафарон 53 ноболиғ, аз ҷумла 33 духтари нобилиғ худкушӣ ва ё кӯшиш ба худкушӣ кардааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар ҳудуди мамлакат 318 ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуда буд.
Аз 642 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ба амал омадааст, 163 ҳолати он садамаи марговар буда, дар натиҷа 196 нафар ҳалок ва 688 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тавре ки дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттиллоъ дода шуд, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди мамлакат 546 сӯхтор рӯй додааст, ки ба марги 13 нафар ва ҷароҳат бардоштани 20 сокини мамлакат боис шудааст. Маблағи зарар аз сӯхторҳо 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо талошу кӯшишҳои кормандони хадамоти оташнишонӣ ҳангоми бартараф кардани сӯхтор ба маблағи 65 миллион сомонӣ молу ашё аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






