Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Абдул Қодир Балуч
Душанбе, 30.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 июли соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва роҳҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи июни соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






