Вуруди ғайриқонунии маводи тамокугӣ
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як кӯшиши воридоти ғайриқонунии маводи тамокугӣ пешгирӣ шуд.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тааллуқ дошт, бо гумони дар бордони мошин ҷой доштани маводи тамокугӣ мавриди боздошт қарор гирифт.
Маълум гардид, ки номбурда дар қисми поёнии бордони мошин пинҳонгоҳи махсус сохта, дар он 32 қуттии калон, яъне 1 ҳазору 600 баста ва ё 16 ҳазор дона қуттича сигори гуногунранги тамғаи ЕSSE-и истеҳсоли давлати Кореяро пинҳон намуда, болои онро бо халтаҳои маводи ғизоии шакар устокорона пӯшонидааст.
Номбурда ин миқдор маводи тамокугиро бо мақсади тиҷорат аз Давлати Исломии Афғонистон харидорӣ намуда, мехост бидуни риояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ аз тариқи сарҳади гумрукӣ интиқол диҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






