Вуруди ғайриқонунии маводи тамокугӣ

Июль 30, 2015 11:15

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як кӯшиши воридоти ғайриқонунии маводи тамокугӣ пешгирӣ шуд. 
Тавре ки аз Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тааллуқ дошт, бо гумони дар бордони мошин ҷой доштани маводи тамокугӣ мавриди боздошт қарор гирифт. 
Маълум гардид, ки номбурда дар қисми поёнии бордони мошин пинҳонгоҳи махсус сохта, дар он 32 қуттии калон, яъне 1 ҳазору 600 баста ва ё 16 ҳазор дона қуттича сигори гуногунранги тамғаи ЕSSE-и истеҳсоли давлати Кореяро  пинҳон намуда, болои онро бо халтаҳои маводи ғизоии шакар устокорона пӯшонидааст.
Номбурда ин миқдор маводи тамокугиро бо мақсади тиҷорат аз Давлати Исломии Афғонистон харидорӣ намуда, мехост бидуни риояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ  аз тариқи сарҳади гумрукӣ интиқол диҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз  шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.

Июль 30, 2015 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд