Ёвон: ташкили истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ
Ёвон, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Бо мақсади беҳтар гузаронидани давраи истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ёвон истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ ва дар назди 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ истироҳатгоҳҳои фароғатӣ-таълимӣ ташкил шудаанд. Ба ин истироҳатгоҳҳо 294 нафар омӯзгор сафарбар шудааст. Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Сафаралӣ Собиров барои пешбурди фаъолияти истироҳатгоҳҳои назди мактабии рӯзаш бардавом аз тарафи ҳукумати ноҳияи Ёвон ба маблағи 16 200 сомонӣ ҷудо шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин маблағро дастрас намуданд. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 аз ҳисоби кумитаи падару модарон барои 30 хонанда лагери истироҳатӣ ташкил шуд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






