Ю. Аҳмадзод: Дар натиҷаи санҷиш 176 млн. сомонӣ рӯёнида шуд
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 2709 санҷиш гузаронида шуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 18953 санади эътиноии прокурорӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо 15548 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуда, 1512 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зикр кард.
Бино ба гуфтаи Прокурори генералӣ, дар натиҷаи санҷишҳо ва андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ ба маблағи 176 млн. сомонӣ зарарҳои молиявие, ки аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо расонида шудаанд, рӯёнида шуданд, ки аз ин маблағ 110 млн. сомонӣ бевосита ба буҷети давлатӣ ворид гардид.
Дар самти иҷрои қонунгузории замин 258 санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаашон 2714 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда шуда, дар асоси баррасии онҳо зиёда аз 2219 шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, нисбат ба 502 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар маҷмӯъ 2219 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






