Афғонистон: Дар Бағлон оташзании масоҷид идома дорад

Август 7, 2015 05:14

Душанбе, 07.08.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар шимоли музофоти Бағлони Афғонистон оташ задани масҷидҳо идома дорад. Ҳафтаи гузашта бар асари чунин вайронкориҳо бинои 12 масҷид хароб гардид.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ», ҳодисаи оташзанӣ аксарияти мардуми маҳаллиро ба хашм овард, ки ба таҳдиди ҳамлаи бадхоҳон нигоҳ накарда, борҳо тамоми нерӯи худро ба хомӯш кардани сӯхтор равона кардаанд. Сабаби ин ҳаводис то ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад. 
Аҳолии маҳаллӣ амалҳои вайронкориро сахт маҳкум карда, аз Ҳукумат талаб намудаанд, ки ҳарчи зудтар гунаҳкоронро дастгир намояд.
Кормандони полис дар сӯзондани масҷидҳо ҳаракати Толибонро айбдор мекунанд, вале дар ин минтақа ҷонибдорони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» низ фаъолият доранд.

 

Август 7, 2015 05:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард