Афзоиши хизматрасониҳо дар Ёвон

Август 13, 2015 04:32

Ёвон, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи идораву корхонаҳои хизматрасонии ноҳияи Ёвон  ба аҳолӣ ба маблағи 54 млн 382 ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шудааст,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 927 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар ин давра ба аҳолӣ ба миқдори 39,9 ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ расониданд, ё худ дар ин айём ҳаҷми боркашонӣ ба 679,3 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ ба 1070 ҳазор нафар расидааст.
Соҳаи саноат дар ноҳия сол то сол рушд ёфта, корхонаҳои саноатӣ  дар нимсолаи аввали соли 2015 ба маблағи 320 млн 286 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин дар нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 136 млн 72 ҳазор сомонӣ афзунтар аст. Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 22,6 тонна нахи пахта, 526401 тонна семент, 21 тонна равғани растанӣ, 5250 тонна орд,  530 ҳазору 900 ҷуфт ҷуроб, 200 ҳазор дона хишти пухта ва дигар маҳсулот истеҳсол гардидааст.
         Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот асосан ба корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» таалуқ дорад. Корхонаи мазкур дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба миқдори 522 ҳазору 271  тонна семент, ки маблағи 268 млн 666,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, маҳсулот истеҳсол намуда дар иқтисодиёти ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Ҳамчунин  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҶММ «Ғаюр» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, ба маблағи 2 млн 116 ҳазор сомонӣ семент истеҳсол намудааст, ки мувофиқи нархҳои муқоисавӣ нисбат ба  ҳамин давраи соли 2014   1 млн 16 ҳазор  сомонӣ  зиёд аст.
Дар ин қатор фаъолияти  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Ваҳдат” низ хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба миқдори 530 ҳазору 931 ҷуфт ҷуробҳои хушсифат истеҳсол намудааст, ки маблағи умумии 962 ҳазор сомониро ташкил дода, ҷиҳати рушди соҳаи саноати сабук дар ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштааст. ҶСП “Комрон-Агро-холдинг”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул аст, маҳсулоти хушсифати ба талаботи рўз ва бозор ҷувобгўй истеҳмол мекунад.

 

Август 13, 2015 04:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад