Афзоиши захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи саноати ангишт
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳои соҳа чораҳои зарурӣ андешида ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо вобаста ба таъмин намудани “МБГ Душанбе-2”, аҳолӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо ангишт ва захираи он то мавсими тирамоҳу-зимистон чораҳои мушаххас дида истодааст.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то моҳи августи соли ҷорӣ ба 485 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 91,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои буҷавӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 20877,3 тонна ангишт -аз ҷумла: соҳаи маориф 16652,6 тонна, соҳаи тандурустӣ 2761,7тонна ва сохторҳои қудратӣ 1463 тонна ангишт захира шудааст.
Айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 5000-7500 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харидорӣ намоянд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






