Ғалабаи намоёни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бар “Хайр”- у “Вахш”
Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Шоми дирӯз бозии даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи Истиқлол” дастаи “Хайр”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 8 бар 0 шикаст дод. Панҷ голи ин бозиро ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонида, дар сабқати нишонзанҳои лига бо 13 гол ба ҷои аввал баромад.
Дар бозии дигари ин давр дастаи “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бар дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4 бар 0 дастболо шуд. Ду голи дастаи соҳили Сирдарёро Ҷаҳонгир Эргашев ва ду голи боқимондаро Иброҳим Рабимов ва Аҳтам Ҳамроқулов ба ҳадаф расонданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






