Ҷаласаи понздаҳуми Шўрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Август 7, 2015 07:10

Душанбе, 07 .08. 2015, (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти  раёсати Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода  ҷаласаи  понздаҳуми  Шўрои  машваратии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. 
Дар ҷаласа нахуст гузориши Котиби масъули Шўро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шўрои машваратӣ шунида шуд. 
Тавре  таъкид  гардид, дар давраи аз ҷаласаи 14-уми Шўро то имрўз, аз ҷумла   Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои  сармоягузорӣ  ва  соҳибкорӣ  дар  бахши суғурта тасдиқ гардида,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии  суғурта ва тавсияҳои коршиносони байналмилалии  соҳа таҳия ва  ба  баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст. 
Ҳамчунин  бо  мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” ба  сифати  биржаи  фондӣ  тавассути низоми “Равзанаи ягона” ба  қайд  гирифта  шуда,  барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ба содироткунандагони маҳсулоти ватанӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ таъсис дода шуд.
    Доир ба масъалаҳои  рўзномаи  ҷаласа оид ба  беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва дигар масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ  роҳбарияти  Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи Шўро, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон бо таклифу пешниҳодоти судманд баромад намуданд.
     Дар  хотимаи  кори  ҷаласаи  Шўрои  машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода баромад  карда  аъзои Шўрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар масъулони дахлдорро  барои  иҷрои саривақтии  нақшаю чорабиниҳо ва қарору тавсияҳои ҷаласаи навбатии Шўро вазифадор намуд.

 

Август 7, 2015 07:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд