Ҷаласаи Прокуророни генералӣ дар Остона

Август 28, 2015 03:30

Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд,иштирок намуд.
Дар ҷаласаи мазкур 18 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки ба фаъолияти кории Котиботи Шӯро, ҳамкории он бо дигар ниҳодҳои сохтории Котиботи иҷроияи ИДМ, ҳисоботи солонаи он, интихоби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳо-аъзои ИДМ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният марбут мебошанд.
Дар охир қарорҳои дахлдори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ду Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ бо Шӯрои роҳбарони мақомоти разведкаи молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои роҳбарони мақомоти тафтишоти андозии (молиявии) кишварҳои аъзои ИДМ ба имзо расидаанд.

 

Август 28, 2015 03:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад