Ҷаласаи сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Душанбе, 17.08.2015 (НИАТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз дар Душанбе Ҷаласаи сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуданд.
Дар натиҷа Созишнома дар хусуси ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шуд, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Вазоратҳои адляи давлатҳои аъзои СҲШ ба танзим дароварда шудаанд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамаи аъзоёни Ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи вазирони адлия, инчунин намояндагони давлатҳои-нозир ва давлатҳои шарикони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Аризаи якҷоя аз рӯи ҷамбасти Ҷаласаи сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи ҷаласаи Вазирони адлияи давлатҳои аъзои СҲШ таваҷҷӯҳи хосса ба масъалаи мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вусъат бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии амнияти маҳаллӣ, таъмини волоияти ҳуқуқ, баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва табодули таҷриба дар байни вазоратҳои адлияи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай вабаста ба масъалаҳои алоҳидае, ки манфиатҳои мутақобиларо ба танзим медароранд, дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






